Ба дари шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ногаҳонӣ "қуфл" заданду кушоданд. Чаро?
     TJ RU EN
01:37 / 2024-11-16

Ба дари шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ногаҳонӣ "қуфл" заданду кушоданд. Чаро?

Шоми 1-уми октябр дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Youtube ва ҳамчунин сомонаҳои Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон якбора маҳдуд ва пас аз чанде дубора дастрас гардид.

Дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ корбаронро дар Тоҷикистон ҳайрон намекунад, чун дар солҳои ахир борҳо ин ҳолат рух медиҳад. Аммо ин бор "сайтбандон" аз гузаштаҳо фарқ дошт. Аввал ин ки маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Youtube ва Facebook тӯл накашид ва ҳамагӣ чанд соат ва баста шудани сомонаҳои Радиои Озодӣ аз он ҳам камтар идома кард. Шоми 1-уми октябр корбарони Facebook дар навиштаҳои худ яке пайи дигар аз масдуд шудани дастрасӣ ба ин шабакаи иҷтимоӣ хабар медоданд ва сабаб меҷустанд.

Иттифоқан дар ҳамин вақт мусоҳибаи зинда ва интерактивии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон роҷеъ ба солгарди таъиси ин ниҳод ва ҳамоиши САҲА дар Варшава дар Youtube ва Facebook пахш мешуд ва ин гумонзаниҳоеро дар миёни корбарон ба вуҷуд овард, ки эҳтимол ин барнома сабаби баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ шуда бошад. Ва ҳамчунин эҳтимол меравад сомонаҳои Радио Озодӣ низ ба ин гуруҳ ҳамроҳ карда шудаанд.

Мақомот дар Тоҷикистон ин гуна ҳадсу гумонҳоро билофосила рад карданд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 1-юми октябр дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, аз баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ хабар надорад.

Аммо бино ба мушоҳидаи корбарони Youtube ва Facebook дастнорасӣ ба ин шабакаҳои то поёни шаби 1-уми октябр давом карда, баъдан онҳо дубора боз гаштанд, ҳарчанд ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки бисёре аз сафҳаҳо, ба гуфтаи коршиносони фаннӣ, дар фосилаҳои гуногуни замонӣ ва аз тарафи ширкатҳои мухталифи интернетрасон бо навбат баста ва боз мешаванд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, масдуд шудани дастрасӣ ба ин ё он сомона ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ бе ширкати Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имкон надорад.

"Ягона ниҳоде, ки аз уҳдаи ин кор баромада метавонад, ин Хадамоти алоқа аст. Хадамот ҳамеша даст доштанаш дар бастани сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро инкор мекунад, вале аксарият ба гуфтаҳои онҳо бовар надоранд, чӣ дар дохил ва чӣ хориҷа", -- гуфт ӯ.

Муллоҷонов афзуд, вақтҳои охир тарғиботи гуруҳҳои мухолифин, ки дар кишварҳои Аврупо ба сар мебаранд, хеле густариш пайдо кардааст. "Ин гуна масдудкуниҳо метавонад вокуниши Хадамоти алоқа ба фаъолнокии мухолифин бошад", -- иброз дошт ӯ.

Аммо таҳлилгари тоҷик мегӯяд, масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар Тоҷикистон корбарон онро "сайтбандон" унвон кардаанд, чандон коромад нест. Чун аксари корбарон, ба гуфтаи ӯ, аз василаҳои гуногуни рахнагар, филтиршиканҳо истифода мекунанд ва дар ниҳоят ба маводи дилхоҳи худ дастрасӣ пайдо мекунанд.

"Аз сӯи дигар як бахши бузурги корбарони тоҷик дар берун аз кишвар ҳастанд. Танҳо дар Русия шумораи тоҷикон, муҳоҷирон ва онҳое ҳам, ки шаҳрванд шуданд, тақрибан 1,5 миллион нафаранд. Як бахши бузурги мухотабони мухолифон дар он ҷо ҳастанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои Хадамоти алоқа фоида надоранд", -- гуфт Муллоҷонов.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта борҳо изҳори нигаронӣ карда буданд, ки гуруҳҳои, ба ибораи онҳо, "тундрав" аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои тарғиби фаъолиятҳои худ суистифода мекунанд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ пайваста баста шудани шабакаҳои иҷтимоиро, ки ба як василаи муҳими иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтаанд, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоъ медонанд. Бино ба муқаррароти моддаи 30-юми Конститутсияи Тоҷикистон, "ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад".

Озодии дастрасӣ ба иттилои сонсурнашуда дар қонунҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла қонун "Дар бораи матбуот ва дигар ВАО" ва "Дар бораи иттилоотонӣ" кафолат дода шудааст.

Рустам Гулов, корбари фаъоли интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, масдудияти охир нисбатан кӯтоҳ буд ва пеш омадани мушкили фаннӣ ҳам аз эҳтимол дур нест.

"Дар Тоҷикистон тамоми траффики интернет тавассути як ниҳод – Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад ва пеш омадани мушкили фаннӣ дар дастрасӣ ба ин ё он сомонаҳо аз эҳтимол дур нест. Ё мумкин мақомот усулҳои навини масдуд кардани дастрасӣ ба торномаҳои алоҳидаро таҷриба карда истодаанд. Ҳама чиз дар дасти Хадамоти алоқа аст ва мо танҳо ҳадс зада метавонем, чунки кори ин ниҳод комилан пӯшида аст", -- гуфт ӯ.

Аммо Гулов афзуд, ҳарчанд Facebook дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии рақами як нест, корбарони он аксаран аз қишри фаъоли шаҳрвандон иборат аст:

"Барои чӣ корбарони Facebook назар ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон зиёд нестанд, аммо маҳз ҳамин шабака беш аз ҳама масдуд мешавад? Чунки корбарони он аксаран мавқеи рӯшани шаҳрвандӣ доранд, фаъоланд ва аз донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ бархӯрдоранд. Бинобар ин, маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин шабака бештар ба фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ рабт мегирад."

Бино ба омори охирин аз 9 миллиону 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон танҳо каме беш аз 3 миллион ба интернет дастрасӣ доранд.

Дар Тоҷикистон "Одноклассники" ва "ВКонтакте" ду шабакаи иҷтимоии сохти Русия дар раддаи аввал ва дувум қарор доранд. Facebook бо беш аз 200 ҳазор корбар севумин шабакаи иҷтимоии пуристифода дар Тоҷикистон будааст. Аммо бино ба бархе аз пажуҳишҳо YouTube ҳарчӣ бештар бинанда ва корбар пайдо мекунад.

https://www.ozodi.org/a/30195794.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима